Март 18, 2020 21:09 Asia/Dushanbe
  • Таҳвили васоили пизишкӣ аз тарафи Швейтсария ва Юнисеф ба Тоҷикистон

Швейтсария ва Юнисеф ақломи пизишкӣ ба арзиши 50 ҳазор долларро ба Тоҷикистон таҳвил доданд.

Швейтсария ва Юнисеф ақломи беҳдоштии фардӣ ба арзиши 50 ҳазор долларро ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон таҳвил доданд.

Ин кумакҳо ба унвони бахше аз тарҳи муштарак бо ҳадафи афзоиши тавони пизишкиву беҳдоштии Тоҷикистон барои муқобила бо шуюъи бемории круно аст.

Ин ақломи пизишкӣ шомили 5000 либосҳои зиддиуфунии сафеди якбормасраф, 1840 рӯпӯши якбормасраф, 10,000 адад дасткаш, 3900 дастгоҳи танаффус, 5000 адади кулоҳ, 200 чакмаи зидди обу 30 сканери ҳароратӣ аст.