Карантини 4 ҳазор нафрии афроди машкук ба коронавирус дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 31 Mar 2020 11:30:02 GMT )
Март 31, 2020 16:30 Asia/Dushanbe
  • Карантини 4 ҳазор нафрии афроди машкук ба коронавирус  дар Тоҷикистон

То кунун дар Тоҷикстон ҳудуди 4 ҳазор нафар аз мубталоёни машкук ба коронавирус карантин шуданд.

Ба нақл аз Спутник, тибқи эъломи Вазорати тандурустӣ, дармон ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, аз аввали феврал то 30 марти имсол, 6159 шаҳрванд, ки аз хориҷ вориди Тоҷикистон шудаанд, дар бемористонҳо ва осоишгоҳҳои бемориҳои уфунии кишвар карантин шуданд.

Аз ин теъдод, ҳудуди 4 ҳазор нафар ҳануз дар карантин ҳастанд. Ин иқдомот барои ҷилавгирӣ аз шуюи коронавирус  дар Тоҷикистон зарурӣ аст.

Бар асоси эъломи Вазорати тандурустӣ, дармон ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон,  то 30 март ҳеҷ мавриде аз коронавирус  дар ин кишвар сабт нашудааст.