Эътироз ба насби тасвири раисҷумҳури Тоҷикистон рӯи як сохтмони маскунӣ дар Хӯҷанд
Апрел 08, 2020 13:35 Asia/Dushanbe
Сокинони як сохтмони маскунӣ дар шаҳри Хӯҷанд аз шаҳрдории маркази вилояти Суғд дархост кардаанд, ки акси бузурги Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи ин сохтмон бардоранд ва дар ҷои дигаре насб кунанд.
Ба нақл аз сомонаи Top Tj, ин тасвири бузург, ки як сол қабл насб шудааст, роҳи вуруди нури офтоб ва ҳаво ба теъдоде аз хонаҳои ин сохтмонро баста ва мӯҷиби норизоятии сокинони ин воҳидҳо шудааст.
Тиловиддин Аҳмадов, сокини яке аз ин воҳидҳо мегӯяд, ки ин баннери тасвирӣ имкони истифода аз кондитсионерро дар тобистон намедиҳад ва дар фасли гармо низ бӯи баде аз он мунташир мешавад.