Дастури раисҷумҳури Тоҷикистон барои афзоиши заминҳои кишти картошка
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i52593-Дастури_раисҷумҳури_Тоҷикистон_барои_афзоиши_заминҳои_кишти_картошка
Раисҷумҳури Тоҷикистон дастури афзоиши заминҳои кишти картошкаро дар ин кишвар содир кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 12, 2020 09:32 Asia/Dushanbe
  • Дастури раисҷумҳури Тоҷикистон барои афзоиши заминҳои кишти картошка

Раисҷумҳури Тоҷикистон дастури афзоиши заминҳои кишти картошкаро дар ин кишвар содир кард.

Ба нақл аз ТоҷикТа, бар асоси дастури Эмомалӣ Раҳмон,  раисони бархе аз шаҳру ноҳияҳо  муваззаф шуданд, ки имсол масоҳати заминҳои кишти картошкаро 40 то 60 дарсад афзоиш диҳанд.

Ин дарҳоле аст, ки Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз бардошти ҳудуди 600 ҳазор тонна картошка аз заминҳои кишвар дар соли гузашта хабар дод.

Ба далели зиёд будани тақозо барои хариди картошка дар Тоҷикстон ва баста шудани марзҳо ба далели ҷилавгирӣ аз густариши корона феълан воридоти ин маҳсули ғизоӣ ба кишвар мамнуъ шудааст.

Пеш аз баста шудани марзҳо бахше аз нёзи мардуми Тоҷикистон ба картошка аз Покистон таъмин мешуд.

Дар ҳоли ҳозир нархи ҳар килограм картошка дар бозорҳои шаҳри Душнба ҳудуди 5 сомонӣ то 5 сомониву 50 дирам аст.