Апрел 17, 2020 20:53 Asia/Dushanbe
  • Ташаккури раисҷумҳури Тоҷикистон аз раис ва муовинони ҷадиди Маҷлиси миллии кишвар

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз раис ва муовинони тозаинтихобшудаи Маҷлиси миллии ин кишвар ташаккур кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар нишасти муштараки маҷолиси қонунгузорӣ ва миллии кишвар аз интихоби писараш Рустами Эмомалӣ ба симати раиси Маҷлиси миллӣ ва муовинони вай аз сӯи намояндагон ташаккур кард ва инҳоро шахсиятҳои шоистае барои ин мансаб донист.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханоне интихоби Рустами Эмомалӣ ба раёсат, Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёдгор Файзов, руасои устонҳои Суғд ва Хатлонро ба симати муовинони раёсати Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба онон табрик гуфт ва барои ин се нафар орзуи муваффақият кард.

Вай аз онҳо ба унвони афроди муҷарраб ва мудир ёд кард.

Рустами Эмомалӣ, ки моҳи апрели соли 2017 ба унвони шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон фаъолият мекунад, акнун бо бознишастагии Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, ҷойгузини вай дар ин ниҳоди қонунгузорӣ шуд.

Бар асоси банди 71 қонуни асосии Тоҷикистон, дар сурати истеъфо, вазъияти изтирорӣ ё фавти раисҷумҳури кишвар, раиси Маҷлиси миллӣ то замони баргузории интихоботи ҷадид ҷонишини вай хоҳад шуд.

Маҷлиси миллии Тоҷикистон 33 узв дорад, ки як севуми аъзои онро раисҷамҳур мансуб мекунад.