Октябр 03, 2016 15:47 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири хориҷаи Тоҷикистон ба Брюссел

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар садри ҳайъате ба Брюссел, пойтахти Белгия сафар кард.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Сироҷиддин Аслов барои ширкат дар Нишасти давраии вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва ҳузур дар Конфронси байналмилалии масоили Афғонистон ба Брюссел, пойтахти Белгия сафар кардааст.

Конфронси байналмилалии масоили Афғонистон чаҳорум то панҷуми октябр дар Брюссел баргузор мешавад.

Дар ин нишаст қарор аст, вазири хориҷаи Тоҷикистон суханронӣ ва мавзеи Тоҷикистонро дар бораи масоили муҳими ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ баён кунад.

Ҳамчунин Сироҷиддин Аслов дар ин сафар бо мақомоти кишварҳои ширкаткунанда дар Нишасти вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупои-Осиёи Марказӣ дидорҳои дуҷонибае хоҳад дошт .