Вуруди мутахассисони Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53290-Вуруди_мутахассисони_Созмони_Беҳдошти_Ҷаҳонӣ_ба_Тоҷикистон
Мутахассисони Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ба дархости мақомоти Тоҷикистон ба ин кишвар сафар карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 03, 2020 18:44 Asia/Dushanbe
  • Вуруди мутахассисони Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон

Мутахассисони Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ба дархости мақомоти Тоҷикистон ба ин кишвар сафар карданд.

Ба нақл аз веб-сайти Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ, Патрик Аканер, раиси ҳайат гуфт: Ин тим барои кӯмак ба имдодрасониву шиносоӣ ва мудирияти гурӯҳҳои пизишкӣ вориди Тоҷикистон шуд.

Вай гуфт: Мо аз мақомоти Тоҷикистон ва ниҳодҳои вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид, барои ҳамкорӣ дар созмондиҳии маъмурият ташаккур мекунем.

Патрик Аканер афзуд: Аъзои гурӯҳ дар назар доранд, ҷаласотеро бо мақомоти олирутба, мутахассисони беҳдошти умумӣ, пизишкон ва парасторон баргузор кунанд.