Май 08, 2020 21:32 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Раҳмон аз коҳиши интиқоли даромади ирсолии коргарони муҳоҷир

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз коҳиши 50 дарсадии даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз хориҷ дар пайи шуюи корона ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷик ТА”, Раҳмон бо ирсоли номае ба Сандуқи Байналмилалии Пул аз коҳиши 80 миллион долларии даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз хориҷ дар пайи густариши корона тайи моҳи март ва нимаи нахусти моҳи апрели соли ҷорӣ хабар дод.

Вай таъкид кард, ки идомаи ин раванд муҷиби афзоиши бекорӣ, камбуди маводи ғизоӣ, камбуди бахши даромади буҷаи ҳукумат, коҳиши арзиши воҳиди пули миллӣ ва афзоиши таваррум дар Тоҷикистон хоҳад шуд. Аз ин рӯ, зарурат дорад, ки Сандуқи Байналмилалии Пул дар шароити афзоиши ҳазинаҳои ҳукумати Тоҷикистон барои дармони беморони мубтало ба корона ба ин кишвар кумак кунад.

Дар посух ба ин дархости Раҳмон, Шӯрои мудирони Сандуқи Байналмилалии Пул аз ихтисоси воми 189 миллиондолларӣ ба Тоҷикистон хабар дод.

Дар гузориши Сандуқи Байналмилалии Пул дар ин маврид омадааст, ки ин вом барои таъмини ниёзҳои фаврӣ барои тазмини эътибори тарози пардохт ва ниёзҳои буҷаи ин кишвар, муртабит бо бемории ҳамагири корона ихтисос ёфтааст.