Май 09, 2020 09:28 Asia/Dushanbe
  • Табрики раисҷумҳури Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёме, фаро расидани 75-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуввумро ба мардуми кишвар табрик гуфт.

Ба нақл аз Форс дар Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои ин паём ба тамоми ҷонбозон, кӯҳнасарбозон ва мардуми ин кишвар фаро расидани ин рӯзро табрик ва барои онҳо орзӯи саломатӣ кард.

Вй афзуд: Дар он солҳо беш аз 300 000 шаҳрванди кишвари мо барои ҷанг басиҷ шуданд. Беш аз 90 000 нафар аз онҳо кушта шуданд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт:

Мардуми Тоҷикистон ҳаргиз ёди касонеро, ки аз ҷанг барнагаштанд ва ҷони худро ба хотири озодӣ аз истеъмори фашизм қурбонӣ карданд, фаромӯш нахоҳад кард ва ба кӯҳнасарбозон дар ин ҷанг эҳтиром мегузорад.

Вай бо ишора ба масъалаи вируси ҳамагири корона гуфт: Тоҷикистон имрӯз дар як вазъияти сахте қарор дорад. Раҳмон таъкид кард: Аз замони бурӯзи коронавирус дар охирҳои соли гузашта, давлати Тоҷикистон тамоми иқдомоти лозимро барои ҷилавгирӣ аз хурӯҷи он дар қаламрави ин кишвар анҷом додааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд: Мо тавонистем тӯлит 4 моҳ вазъиятро таҳти назорат нигаҳ дорем, аммо дар поёни моҳи апрел, аввалин мавориди ибтило ба коронавирус дар миёни шаҳрвандони Тоҷикистон сабт ва имрӯз садҳо нафар дар кишвар ба ин вирус мубтало шуданд.

Раисҷумҳури Тҷикистон бо баёни ин, ки имрӯза тамоми тавоноӣ ва имконот барои дармони беморон ва ҷилавгирӣ аз густариши бештари ин бемории ҳамагир басиҷ шуда, аз куллияи пизишкони даргири муқобила бо коронавирус дар қаламрави ин кишвар ибрози қадрдонӣ кард.