Май 15, 2020 20:53 Asia/Dushanbe
  • Як кушта ва вайронии даҳҳо хона дар сели ноҳияҳои Ваҳдат ва Хуросон

Дар пайи борандагиҳои шадид ва равон шудани сел дар ноҳияҳои Ваҳдат ва Хуросони Тоҷикистон як нафар кушта шуд ва хонаҳо, мазрааҳо ва роҳҳои иртиботӣ низ хисорати бисёр диданд.

Ба гузориши хабаргузории “ТоҷикТА”, бар асари бориши борони шадид ва ҷорӣ шудани сел дар ноҳияи Ваҳдат, дар атрофи Душанбе панҷ хона ба таври комил вайрон шуд.

Ҳамчунин мақомоти ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон гуфтаанд, бар асари сели ахир теъдоде хона комилан тахриб ва як нафар кушта шуд.

Ба мазореи кишоварзӣ ва роҳҳои иртиботии ноҳияи Хуросон низ хисорати зиёде ворид шудааст.

Ин мақомот эълом кардаанд, ки дар ҳоли баррасии теъдоди дақиқи хонаҳои вайроншуда ва хисороти сели ахир мебошанд.

Кумитаи мавқеиятҳои фавқуллодаи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки сели ахир ба хонаҳои сокинони водии Зарафшон, дар шимол ва ноҳияи Рашт дар шарқи ин кишвар низ хисороте ворид кардааст, ки кумита дар ҳоли арзёбии мизони ин хисоратҳо низ ҳаст.