Май 22, 2020 13:25 Asia/Dushanbe
  •  Табрики Рӯзи Ҷавонон аз сӯйи раисҷумҳури Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон фаро расидани рӯзи Ҷавононро ба шаҳрвандони тоҷик табрик гуфт.

Раҳмон дар паёме ба қудрати халлоқонаи ҷавонон барои Тоҷикистон ва нақши он дар тавсеаи ҳамаи бахшҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ишора кард.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: “Ҷавонон як қудрати билқувваи бузурги ҷомеа ҳастанд ва мо барои ҳалли масоили марбут ба зиндагӣ ва кори ҷавонон, беҳбуди чорчӯби қонунии бахш ва эҷоди шароити матлуб барои онон аз ҳама ҷиҳот, масъулияти муҳиме дорем”.

Раҳмон ёдовар шуд, аз замони истиқлоли Тоҷикистон вазъияти ҷавонон мавриди таваҷҷуҳи давлат будааст ва мақомоти кишвар аз ҳама ибтикорот ва тааҳҳудоти ҷавонон пуштибонӣ мекунад.

Вай хотирнишон кард, духтарону писарон ба таври физояндае дар зиндагии сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар ширкат мекунанд.

Раиси давлати Тоҷикистон гуфт, нақши ҷавонон дар сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” ва дар тазмини амнияти давлат ва ваҳдати миллӣ бар касе пӯшида нест.

Ӯ гуфт, тазмини иштиғоли доими ҷавонон яке аз мавзӯоти муҳими сиёсатҳои иҷтимоии давлат аст.

Раҳмон аз ҳамаи ҷавонон хост, ки мутобиқи тавоноиҳо ва дониши худ ба ҳирфаҳо ва саноеи дастӣ мусаллат шаванд ва ба таърих, забон, фарҳанги миллӣ, намодҳои давлатӣ ва суннатҳои бостонии мардуми тоҷик эҳтиром бигузоранд.

23 май дар Тоҷикистон Рӯзи Ҷавонон номгузорӣ шудааст.