Камбуди пизишки мутахасис дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 28 May 2020 03:47:12 GMT )
Май 28, 2020 08:47 Asia/Dushanbe
  • Камбуди пизишки мутахасис дар Тоҷикистон

Пизишки саршиноси Тоҷикистон яке аз мушкилоти бахши дармони кишварро камбуди пизишки мутахасис эълон кард.

Ҷароҳ ва пизишки мутахасиси машҳури Тоҷикистон ,ки худ аз бемории Корона беҳбуд ёфта гуфт ; мутаасифона камбуди пизишк ва ройгон набудани дармон барои беморон дар бемористони Истиқлоли шаҳри Душанбе аз мушкилоти аслӣ барои муқобила бо бемории Корона аст.

Ба нақл аз Тоҷ Вийк , Саид Нодирӣ афзуд ; бархилофи иддаои мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон дармони бемороии Корона дар бемористони Истиқлоли шаҳри Душанбе ройгон нест.

Вай таъкид кард , ба далели камбуди мутахасиси уфунӣ дар бемористони Истиқлол пизишкони умумии беморони Коронаиро дармон мекунанд.

Ин дар ҳоле аст ,ки Ҷамолиддин Абдулозода вазири тандурустии Тоҷикистон эълон кард ,ки дар ин кишвар дармони беморони мубтало ба Корона ройгон ва дар бемористонҳо ба қадрикофӣ дору таҷҳизоти пизишкӣ мавҷуд аст.