Май 29, 2020 21:36 Asia/Dushanbe
  • Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияи Данғара

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияи Данғара сафар кард.

Ба гузориши “Спутник”, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин сафар бо дастовардҳои мазореи минтақаи Хатлон ошно шуд ва як корхонаи тавлиди маводи пизишкӣ ва нахи пахта ҳам ифтитоҳ кард.

Ин ширкат дар ҳоли ҳозир панбаҳои беҳдоштӣ ва пизишкӣ тавлид мекунад.

Ин корхона муҷаҳҳаз ба фанновариҳои ҷаҳонӣ аст ва ин амр боис мешавад маҳсулоти тавлидии бокайфияти дохилӣ ҷойгузини воридот шавад.

Раҳмон ҳамчунин аз бозори маҳаллии “Киёнӯш” низ боздид кард.