Қонуни ҷадиди истифода аз ниқоби муҳофизатӣ дар Тоҷикистон
Вакили додгустарӣ дар Тоҷикистон гуфт: Эъмоли муҷозот барои афроде, ки қонунҳои беҳдоштиро риоят намекунанд, мумкин аст мунҷар ба даргирӣ ва бурӯзи заминаҳои фасод шавад.
Наврӯз Одинаев, раиси муассисаи ҳуқуқии "Ҳимоя" гуфт: Иҷрои чунин қонунҳо фақат дар сурате муҷоз аст, ки мутобиқи Қонуни Тоҷикистон "дар бораи режими қонунии вазъияти изтирорӣ", дар кишвар карантин эълом шавад.
Теъдоде аз намояндагони Маҷлиси Тоҷикистон пешниҳоде ироа карданд, ки бар асоси он афроде, ки аз ниқоб дар амокини умумӣ истифода накунанд, муҷозо хоҳанд шуд.
Бар асоси назари намояндагони пешниҳодкунандаи ин тарҳ, мусавваботи ситоди муқобила бо коронавирус, барои истифодаи иҷбории мардум аз ниқоб ва риояти беҳдошти фардӣ ва умумӣ, ба андозаи кофӣ замонати иҷроӣ надорад.