Июн 07, 2020 09:53 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси 187 ҳазор гектар аз заминҳои зироии Тоҷикистон ба кошти пахта

187 ҳазор гектар аз заминҳои зироии Тоҷикистон ба кошти пахта ихтисос дода шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати зироати Тоҷикистон, дар минтақаи Хатлон ҳам ҳудуди 124 ҳазор гектар ва дар минтақаи Суғд  59 ҳазор гектар пахта кошта шудааст.

Имсол пешбинӣ мешавад 190 ҳазор гектар пахта бештар аз соли гузашта дар Тоҷикистон бардошт шавад, ки ин мизон ҳудуди 4 ҳазор гектар бештар аз соли 2019 аст.

Тибқи пешбиниҳо имсол Тоҷикистон 421 ҳазор тонна пахтаи хом тавлид мекунад.

Вазорати зироати Тоҷикистон эълом кард, соли гузашта 403 ҳазор тонна пахта аз заминҳои зироатии кишвар ҷамъоварӣ шуд, ки 34 дарсад бештар аз соли 2018 аст.