Июн 08, 2020 18:16 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти фарзанди Шириншо Шотемур, қаҳрамони миллии Тоҷикистон

Писари калонии қаҳрамони миллии Тоҷикистон Шириншо Шотемур -Шириншо Шотемури хурдӣ аз олам даргузашт.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Азия плюс, ӯ дар Маскав пас аз таҳаммули бемории тӯлонӣ дар 88 солагӣ даргузашт.

Ба гуфтаи дӯстон, Ширино Шотемур бемор буд ва пас аз даргузашти бародари хурдиаш Рустам, дар бемористон бистарӣ шуд.

Шириншо Шотемур пизишк ва устоди донишгоҳ буд.

Вай дар сеюми сентябри соли 1932 дар наздикии Маскав мутаваллид шуд. Ӯ дар соли 1956 Донишкадаи тиббиро хатм намуда, барои анҷоми тааҳуди хизмат ба шаҳрҳои мухталиф сафар кард, сипас панҷ сол баъд дар соли 1961 ба Маскав бозгашт ва дар Институти марказии тадқиқоти тиббӣ машғули кор шуд.

Вай аз соли 1923 муддати як сол вай узви Девони Ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии он замон буд ва Шириншо Шотемур яке аз асосгузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2006 ба ӯ унвони "қаҳрамони Тоҷикистон" эъто кард.