Июн 13, 2020 13:53 Asia/Dushanbe
  • Дархости Созмони рӯзноманигорони бидуни марз аз ҳукумати Тоҷикистон

Созмони рӯзноманигорони бидуни марз аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки таъини ҷаримаи молӣ барои интишори ахбори коронавирусро аз қонуни кайфарии кишвар ҳазф кунанд.

Ба нақл аз сомонаи Top Tj, Жено Ковелер, мудири  дафтари ин созмон дар Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, бо ишора ба тасвиби қонуни ташдиди муҷозот барои интишори ахбори марбут ба коронавирус дар Парлумони Тоҷикистон гуфт:

Вай афзуд: Мақомоти Тоҷикистон, ки муддаии риояти тафоҳумномаҳои ҳуқуқи байналмилал ҳастанд ҳам бояд ислоҳияи гунҷондани ҷаримаи молии рӯзноманигоронро ба далели интишори ахбори коронавирус, аз қонуни кайфарии ин кишвар ҳазф кунанд.

Ин иқдом озодии баёнро маҳдуд мекунад ва мубҳам будани ислоҳияи қонун ба маънии нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон аст.