Интиқоди Кумитаи дини Тоҷикистон аз гузориши Созмони Миллали Муттаҳид
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54471-Интиқоди_Кумитаи_дини_Тоҷикистон_аз_гузориши_Созмони_Миллали_Муттаҳид
Кумитаи дини Тоҷикистон аз гузориши Созмони Миллали Муттаҳид интиқод кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 13, 2020 16:31 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Кумитаи дини Тоҷикистон аз гузориши Созмони Миллали Муттаҳид

Кумитаи дини Тоҷикистон аз гузориши Созмони Миллали Муттаҳид интиқод кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт: Гузориши марбут бар  асоси додаҳои оморӣ ва иттилооти расонаҳои хабарӣ аст. Афшин Муқим гуфт: Ин гузориш мутобиқи  воқеияти  ҷомеаи Тоҷикистон  нест.

Афшин Муқим- сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон афзуд: Ин гузоришро Созмони Миллали Муттаҳид бо фишори кишварҳои соҳиби нуфуз мунташир кардааст.

Ӯ гуфт: Интиқоди Амрико аз пушидани либосҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон  ноодилона аст, зеро ҳеҷ қонуне дар Тоҷикистон  таъкид намекунад, ки мардум  фақат  бояд либоси миллӣ бипушанд.