Дархости 17 созмони узви ҷомеаи мадании Тоҷикистон аз Эмомалӣ Раҳмон
(last modified Tue, 23 Jun 2020 14:22:40 GMT )
Июн 23, 2020 19:22 Asia/Dushanbe
  • Дархости 17 созмони узви ҷомеаи мадании Тоҷикистон аз Эмомалӣ Раҳмон

Намояндагони 17 созмони узви ҷомеаи мадании Тоҷикистон аз Раиси Ҷумҳурӣ дархост кардаанд, ки нақшаи ислоҳшудаи қонуни кайфарии ин кишварро дар бораи ҷаримаҳои марбут ба корона имзо накунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс, аз дидгоҳи намояндагони 17 созмони узви ҷомеаи мадании Тоҷикистон имзои ин ислоҳия муҷиби ногувории вазъи озодии сухан, ташдиди сонсур, таҳти фишори бештар қарор гирифтани рӯзноманигорон ва маҳдуд шудани дастрасии мардум ба ахбор ва гузоришҳо дар мавриди бемориҳои сироятӣ ва хатарнок хоҳад шуд, ки ин мавзӯ ба нафъи ҷомеаи Тоҷикистон нест.

Чанде қабл маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни кайфарии ин кишвар барои ашхоси ҳақиқӣ ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки омори мутафовит аз омори расмӣ дар бораи бемории Ковид-19 мунташир мекунандҷарима таъин кард.

Бар асоси қонуни ҷадид барои ашхоси ҳақиқӣ 580 сомонӣ (муодили 56 доллар) ва ашхоси ҳуқуқӣ 11 ҳазору 600 сомонӣ (муодили ҳазору 128 доллар) ҷарима таъин шудааст.

Пештар низ созмони рӯзноманигорон бидуни марз ва анҷумани миллии расонаҳои хабарии мустақили Тоҷикистон аз ҳукумат хоста буданд, ки таъини ҷаримаи молӣ барои интишори ахбори коронаро аз қонуни кайфарии кишвар ҳазф кунад.