Июл 13, 2020 17:24 Asia/Dushanbe

Бо оғози фасли гармо истиқболи хонаводаҳои тоҷик аз варзишҳои обӣ ба шиддат афзоиш пайдо кардааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ, бо оғози фасли гармо истиқболи хонаводаҳо аз варзишҳои обӣ ба шиддат афзоиш пайдо кардааст. Аммо шуюи корона сабаб шуда то дарсҳои омӯзишии ин риштаи варзишӣ дар Тоҷикистон имсол равнақи чандоне надошта бошад.

Вале муассисаи омӯзишии давлатии варзиши шино бо ҳимояти шаҳрдории Душанбе ба риояти шеваномаҳои беҳдоштӣ тавониста тарафдорони зиёде пайдо кунад.

Дар истахри ин муассиса 130 варзишкор, шино тамрин мекунанд.