Июл 14, 2020 13:49 Asia/Dushanbe
  • Кошти 190 ҳазор гектар пахта имсол дар заминҳои зироатии Тоҷикистон

Имсол дар 190 ҳазор гектар аз заминҳои зироатии Тоҷикистон пахта кошта шудааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Азия-Плюс, Амонулло Салимзода, вазири зироати Тоҷикистон гуфт: Чиниҳо барои афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ аз технологиҳои нав монанди обёрии қатраӣ истифода мекунанд, ки мунҷар ба сарфаҷӯии зиёд дар об ва кудҳои маъданӣ мешавад.

Ӯ афзуд: Ин дар ҳоле аст, ки бархе аз кишоварзони маҳаллӣ мегӯянд ба далели гаронии сӯзишворӣ ва кудҳои химиёвӣ, ҳазинаи тавлиди маҳсулоти онҳо зиёд аст ва ширкатҳое, ки аз онҳо пахта мехаранд низ фақат 400-500 доллар барои ҳар тонна пахтаи хом пардохт мекунанд.

Вазири зироати Тоҷикистон гуфт: Агар кишоварзон аз технологиҳои нав истифода кунанд ҳеҷ зараре намекунанд.