Гузориши иқдомоти додситонии кулли Тоҷикистон дар муқобила бо заминхорӣ
(last modified Wed, 15 Jul 2020 05:35:27 GMT )
Июл 15, 2020 10:35 Asia/Dushanbe
  • Гузориши иқдомоти додситонии кулли Тоҷикистон дар муқобила бо заминхорӣ

Додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ дар бораи иқдомоти қонунӣ дар мубориза бо вогузории ғайриқонунии замин ё падидаи заминхорӣ тавзеҳ дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Юсуф Раҳмон рӯзи сешанбе зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт: Дар шаш моҳи нахусти имсол 513 парвандаи ҷиноӣ дар робита бо фуруши ғайриқонунии замин ташкил шуда ва қонуншиканон таҳти пайгарди қонунӣ қарор гирифтаанд.

Дар ин нишаст ҳамчунин хотирнишон шуд, ки назорат бар иҷрои қонуни замин дар конуни таваҷҷуҳи ниҳодҳои низомӣ ва қазоии Тоҷикистон қарор дорад ва ба манзури рафъи ҷиноятҳо дар ин замина 2 ҳазору 219 парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва 3 ҳазору 248 нафар муҷозот шудаанд.

Ҳамчунин ба гуфтаи вай беш аз 6 ҳазору 286 гектар аз заминҳои тавқифшудаи ғайриқонунӣ ба моликияти давлат бозгардонда шудааст.

Юсуф Раҳмон афзуд: Додситонии кулли Тоҷикистон беш аз 600 тасмими ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳоро барои тахсиси қитъаҳои замин ботил карда ва мақомоти дастгоҳҳои иҷроӣ ва қудратӣ, ки дар тавзеъи ғайриқонунии замин дахлдор буданд низ муҷозот шуданд.

Ба гуфтаи додситони кулли Тоҷикистон мизони хисорати бархоста аз ин ҷурмҳо 1.6 миллион сомонӣ баровард шудааст.