Камбуди ҳудуди 3 ҳазор муалим дар мадрасаҳои Тоҷикисто
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55482-Камбуди_ҳудуди_3_ҳазор_муалим_дар_мадрасаҳои_Тоҷикисто
Вазорати маориф ва улуми Тоҷикистон аз камбуди 2 ҳазор ва 959 муалим дар мактабҳои ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 16, 2020 08:53 Asia/Dushanbe
  • Камбуди ҳудуди 3 ҳазор муалим дар мадрасаҳои Тоҷикисто

Вазорати маориф ва улуми Тоҷикистон аз камбуди 2 ҳазор ва 959 муалим дар мактабҳои ин кишвар хабар дод.

 

Ба нақл аз Ахбори Осиёи марказӣ, дар ҳоли ҳозир  дар Тоҷикистон 124 ҳазору 593 муалим дар 3 ҳазору 884 мактаби давлатӣ мақтаи мутавасита  фаолият мекунанд ,ки 74 ҳазору 46 нафар аз онон омӯзгор зан ҳастанд.

Бар асоси ин гузориш дар вилояти Хатлон 942 муалим , Суғд 882 , ноҳияҳои марказии Тоҷикистон 857 , шаҳри Душанбе 195 ва вилояти Бадахшон 83 муалим муалим камбуд доранд.

Гуфта мешавад ,ки мактабҳои Тоҷикистон ба ҳудуди ҳазор муалими риёзӣ , муҳандиса,шимӣ, нуҷум , физик ва забонҳои русӣ ва англисӣ ниёз доранд.

Вазорати маориф ва улуми Тоҷикистон теъдоди донишомӯзон дар мадориси давлатии кишварро 2 миллион ва 300 ҳазор 900 нафар эълом кардааст, ки 980 ҳазор ва 766 тан аз онон духтар ҳастанд.