Июл 25, 2020 19:50 Asia/Dushanbe
  • Саргардонии панҷсолаи муштариёни ду бонки варшикастаи Тоҷикистон

Муштариёни ду бонки варшикастаи "Содиротбонк" ва "Агроинвестбонк" дар Тоҷикистон панҷ сол аст, ки наметавонанд маблағҳои ба амонат гузоштаи худро пас бигиранд ва тавоноии хариди амволи пешниҳодшуда аз сӯи ин ду бонкро низ надоранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи марказӣ, теъдоде аз муштариёни молбохтаи ин ду бонк аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дархост кардаанд, ки барои ҳалли мушкили онон мусоидат кунад.

Гуфта мешавад, ки ин ду бонк бояд маблағи 6 миллиону 500 ҳазор доллар пасандози муштариёни худро ба онон пардохт кунанд, аммо тайи панҷ соли гузашта дар ин маврид ҳеҷ пешрафте мушоҳида нашудааст.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон муддаӣ аст, ки дар ин моҷаро муштариёни ин ду бонк низ муққассир мебошанд, ки аз хариди амволи ин ду ниҳоди молӣ барои ҷуброни маблағҳои хеш худдорӣ мекунанд.

Аммо Мирзохуҷа Самадов, яке аз муштариён, ки 200 ҳазор доллар талабкор аст мегӯяд, ки нархи ҳар метри мураббаъ хонаҳои мусодирашудаи ин бонкҳо ду баробар беш аз арзиши хонаҳои маъмулӣ мебошад ва ба ҷои 400 то 900 доллар эълом шудааст.

Ба гуфтаи вай бо чунин шароите ҳеҷ муштарии молбохтае қудрати хариди ин амволро барои ҷуброни хисорати маблағҳои хеш надорад.

Бонки миллии Тоҷикистон қаблан эълом карда буд, ки фурӯши амволи бонкҳои варшикастшудаи ин кишвар аз тариқи музояда иҷро мешавад ва бозпардохти маблағҳои муштариён аз ин бонкҳо танҳо пас аз тасвияи ҳисоби қарзи молии ин марказҳо бо идораҳо ва созмонҳои давлатӣ имконпазир хоҳад буд.

 

Барчасп