Вогузории 133 ҳазор хонаҳои истиқоматӣ ба бахши хусусӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56319-Вогузории_133_ҳазор_хонаҳои_истиқоматӣ_ба_бахши_хусусӣ_дар_Тоҷикистон
Дар солҳои ахир ҳудуди 133 ҳазор хонаҳои истиқоматӣ ба масоҳати 7 миллион метри мураббаъ дар шаҳри Душанбе ба бахши хусусӣ вогузор шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 10, 2020 11:19 Asia/Dushanbe
  • Вогузории 133 ҳазор хонаҳои истиқоматӣ ба бахши хусусӣ дар Тоҷикистон

Дар солҳои ахир ҳудуди 133 ҳазор хонаҳои истиқоматӣ ба масоҳати 7 миллион метри мураббаъ дар шаҳри Душанбе ба бахши хусусӣ вогузор шудааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ ба нақл аз агентии омори Тоҷикистон, аз ибтидои имсол низ ҳудуди 3 ҳазору 300 хонаҳои истиқоматӣ дар Тоҷикситон ба бахши хусусӣ вогузор шудааст.

Ҳамчунин сохти маскан дар Тоҷикистон ба далели ҳамагирӣ шудани корона коҳиш доштааст.Илова бар ин 78 ҳазор хонаҳои истиқоматии ройгон ба ниёзмандон вогузор шуд.

Қаблан Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар нимсолаи аввали соли 2020, 469,000 метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 16% зиёдтар аст.