Эътои 5 имтиёзномаи таҳсилӣ (бурс) аз сӯи давлати Тоҷикистон ба атбои афғонистонӣ
(last modified Tue, 11 Aug 2020 10:55:25 GMT )
Август 11, 2020 15:55 Asia/Dushanbe
  • Эътои 5 имтиёзномаи таҳсилӣ (бурс) аз сӯи давлати Тоҷикистон ба атбои афғонистонӣ

Вазорати маорифи Тоҷикистон ба шаҳрвандони Афғонистон 5 имтиёзномаи (бурс)таҳсилии дараҷаи магистрро медиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросони Разавӣ ба нақл аз Ховар, Вазорати маорифи Тоҷикистон аз 50 стипендия барои соли таҳсили 2020-2021 ба шаҳрвандони Афғонистон барои таҳсил дар аспирантура ҷудо кардааст.

Тасмим дар бораи додани стипендия дар мулоқоти вазири маорифи Тоҷикистон Муҳаммад Юсуф Имомзода ва сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Заир Ағбар қабул карда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамкории ду кишвар, бахусус дар соҳаҳои илм ва фарҳанг баррасӣ шуд.