Август 15, 2020 18:42 Asia/Dushanbe
  • Баҳрабардорӣ аз як замини варзишӣ ба зудӣ дар шаҳри Хоруғ

Як замини варзишии нав дар наздикии фурудгоҳи Хоруғ дар ҳоли сохт аст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи Миёна, ин замини варзишӣ ба муносибати фаро расидани сиюмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон дар ҳоли сохт аст.

Ҳамзамон 5 замини варзишии дигар низ дар шаҳри Хоруғ сохта мешавад.

Холиқ Назаров- мудири ширкати умронии Шариф гуфт: Ин замини варзишӣ 32 метр тӯл ва 22 метр арз дорад.

Ӯ афзуд: Дар ҳоли ҳозир 13 нафар машғули битонрезӣ ва ҷушкорӣ ҳастанд.

Ба гуфтаи Холиқ Назаров 70 дарсади сохти замини варзишӣ бо ҳазинаи 300 ҳазор сомонӣ анҷом шудааст.

Ин замин барои варзишҳои минифутбол ва баскетбол сохта мешавад.