Сабтиноми ҳудуди 220 ҳазор хонандаи синфи якум дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 15 Aug 2020 14:30:14 GMT )
Август 15, 2020 19:30 Asia/Dushanbe
  • Сабтиноми ҳудуди 220 ҳазор хонандаи синфи якум дар Тоҷикистон

Дар соли таҳсилии нав 220 ҳазор хонандаи синфи якум дар Тоҷикистон таҳсили худро оғоз мекунанд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Эҳсон Хушбахт- сухангӯи матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт: Ин омор нисбӣ аст ва мумкин аст то замони кушоиши мактабҳо тағйир кунад.

Эҳсон Хушбахт афзуд: Дар соли таҳсилии 2019-2020 ҳудуди 232 ҳазору 208 хонандаи синфи якум дар мактабҳои кишвар сабтином карданд, ки 112 ҳазору 176 нафар аз онҳо духтар буданд.

Ӯ теъдоди кулли хонандагонро дар соли таҳсилии гузашта 2 миллиону 351 ҳазор нафар эълом кард ва гуфт: 124 ҳазору 593 омӯзгор низ дар мактабҳои кишвар вазифаи омӯзиши хонандагонро бар уҳда доштанд.

Соли таҳсилии ҷадид дар Тоҷикистон 17 август оғоз мешавад.