Август 18, 2020 08:50 Asia/Dushanbe
  • Асфалти масири Дӯстӣ - Мӯминобод

Амалиёти асфалти масири Дӯстӣ - Мӯминобод дар ҳоли иҷро аст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, ба муносибати сиюмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон хонаводаи Ҷалолов аз сокинони некӯкори рустоии боғи ноҳияии Муминобод тасмим гирифтанд бо ҳазинаи шахсӣ 3 километр аз роҳи Дӯстӣ - Мӯминободро асафалт кунанд. 
 
 Диловар Бахтиёрӣ масъули равобити умумии ноҳияи Мӯминобод гуфт: рӯшноии ин ҷода ҳам бо истифода аз таҷҳизоти истифода аз энергияи хуршедӣ таъмин мешавад. 
 
 Ин хонаводаи некӯкор соли 2004 ҳазинаи таъмини оби ошомидании 220 хонавода ва мактаби русторо пардохт карданд ва дар соли 2017 низ як замини варзишӣ барои ҷавонони русто сохтанд.