Август 18, 2020 13:45 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо кодри дармонии Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кодри дармонии кишвар дидор ва аз онон барои талошҳои шабонарӯзӣ барои муқобила бо корона ташаккур кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор тадбирҳои андешидаи давлат барои кӯмак ба кормандони бахши беҳдошт ва дармони кишвар дар шароити густариши коронаро тавзеҳ дод.

Вай гуфт, ки фақат дар шаҳри Душанбе барои бистарӣ кардани беморони мубтало ба Ковид-19 ҳудуди 5 ҳазор тахт дар бемористонҳо изофа шуд ва барои кӯмаки молӣ ба кодри дармонӣ низ 12 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ихтисос ёфт.

Раҳмон ҳамчунин афзуд 11 миллион сомонӣ низ барои тағзияи кодри дармонии бемористонҳо ва беморон ҳазина шуд.

Ӯ афзуд: аз будҷаи Вазорати тандурустӣ 13 миллиону 400 ҳазор сомонӣ таҷҳизоту доруи мавриди ниёзи кишвар харидорӣ шудааст.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: агар дар замони истиқлоли Тоҷикистон 2 ҳазору 862 маркази дармонӣ фаъолият дошт, акнун теъдоди ин муассисот ба 4 ҳазору 264 пизишк ва 2 ҳазору 358 парастор дар бемористонҳои Тоҷикистон аз хориҷ ворид мешавад.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард: бо вуҷуди омӯзиши кодри пизишкӣ дар ду донишгоҳу 29 омӯзишгоҳ ҳанӯз сатҳи дониши парасторон ва пизишкон матлуб нест, ки бояд ин вазъ ислоҳ шавад.