Август 22, 2020 14:06 Asia/Dushanbe
  • Густариши куруно бозсозии роҳи Дарвоз то ноҳияи Рушонро ба таъхир андохт

Тарҳи бозсозии роҳи Дарвоз то ноҳияи Рушони вилояти Бадахшон ба унвони бахше аз масири иртиботии Тоҷикистон бо Чин ба далели густариши вируси куруно ба таъхир афтодааст.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки барои ифтитоҳи чанд тарҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар вилояти Бадахшон ҳузур дорад гуфт, ки Ковид 19 замони имзои асноди ниҳоӣ дар бораи бозсозии ин масири муҳиммро ба таъвиқ андохт.

Тӯли ин масир 93 километр аст ва ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад барои бозсозии ин роҳ ду миллиард сомонӣ ҷазб кунад.

Ширкатҳои чинӣ сармоягузор ва муҷрии ин тарҳ хоҳанд буд ва интизор меравад бо фурӯкаш кардани буҳрони куруно аз авохири имсол кори бозсозии ин масир оғоз шавад.

Қарор аст, ин тарҳ дар се сол ба анҷом бирасад.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон дар ин масир сохти 15 пул ва ду туннел дар назар аст, ки заминаи беҳбуди интиқоли коло миёни Тоҷикистон ва Чинро фароҳам месозад.

Танҳо роҳи замини миёни Тоҷикистон ва Чин мавсум ба Душанбе-Қулма ба далели воқеъ шудан дар иртифооти вилояти Бадахшон фақат шаш моҳ аз сол дар фаслҳои баҳор ва тобистон қобил истифодааст.