Октябр 09, 2016 15:25 Asia/Dushanbe
  • Намоиши муҷассамаи савораи ҳумобарсар дар мӯзеи миллии Тоҷикистон

Муҷассамаи саворкори ҳумобарсар ҳамроҳ бо даҳҳо ашёи бостонии дигар, аз дирӯз дар маросими вижа дар мӯзеи бостоншиносии вобаста ба Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.

Ба гузориши ИРНА, ин муҷассама дар як рустои кӯҳистонӣ дар шимоли Тоҷикистон кашф шудааст ва ба гуфтаи бостоншиносон ба қарни ҳафтуми милодӣ тааллуқ дорад.

Баландии ин муҷассамаи биринҷӣ 37 сантиметр аст.

Абдурауф Раззоқов-бостоншиноси тоҷик гуфт, ин муҷассама ба эҳтимоли зиёд, расми тоҷгузории яке аз подшоҳони Суғдро дар даврони ҳамлаи арабҳо ба тасвир кашидааст, ки дар он мурғи ҳумо ё бози давлати шукӯҳи подшоҳиро барсари шоҳ мегузорад.

Раззоқов афзуд, шеваи тоҷгузорӣ рӯи асп, байни шоҳони Соcонӣ ва Кушонӣ ҳам маъмул будааст.

Вай гуфт, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки дар даврони ҳукумати суғдиҳо, бузургон ва ҳокимон, хизона ва муҷассамаҳои нодири худро барои ҳифозат аз даст бурди арабҳо бо худ ба дараҳои танг ва дӯрдсти куҳистонӣ бурда бошанд.