Октябр 05, 2020 16:46 Asia/Dushanbe
  • Такзиби беморӣ ва сафари Рустами Эмомалӣ ба Тел-Авив

Шаҳрдории Душанбе дар ҳама гуна изҳорот хабари бемор будани Рустами Эмамалӣ ва сафараш ба Тел-Авивро рад кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон, дафтари шаҳрдории Душанбе бо такзиби иттилооти бархе расонаҳо эълом кард Рустами Эмомалӣ ҳаргиз барои муолиҷаи пизишкӣ ё ҳар ҳадафи дигаре ба Исроил сафар накарда ва ҳаргиз аз саратони рӯда ранҷ намебарад .
Дар баёнияи дафтари Рустами Эмомалӣ омадааст : « интишори чунин иттилооти нодурусте дар бораи мақомоти Тоҷикистон дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ яке аз найрангҳои касифи душманони кишварамон  аст.»
Дафтари шаҳрдори Душанбе афзудааст: ин таҳрики амдӣ ба манзури эҷоди бесуботӣ дар авзоъи иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон аст .
Дар ин баёния омадааст «агар Рустами Эмомалӣ воқеан дар соли 2019 ба Исроил сафар карда бошад ин иттилоот  ҳамчунон дар фазоии иттилоотии ҷаҳонӣ зоҳир мешавад. Мо расман эълом мекунем, ки Рустами Эмомалӣ ҳаргиз барои муолиҷа ё ба манзури дигаре ба Исроил сафар накардааст.»
Чанд рӯз қабл директори Маркази тиббии Ҳерзлия дар Тел-Авив дар сафҳаи Твиттери худ эълом дошт, ки Рустами Эмамалӣ дар соли 2019 саратони рӯда дорад ва барои табобат ба Исроил сафар кардааст.