Октябр 13, 2016 18:23 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони умури дохилии Тоҷикистону Афғонистон

Вузарои умури дохилии Тоҷикистону Афғонистон дар нишасте дар шаҳри Душанбе охирин вазъияти амниятии марзҳои ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе дар дидор бо Тоҷмуҳаммад Ҷоҳид, ҳамтои афғони худ бар лузуми талоши ду кишвар барои муборизаи муштарак бо гурӯҳҳои мусаллаҳу қочоқчиёни маводи мухаддир таъкид кард. Раҳимзода ва Ҷоҳид ҳамчунин дар ин дидор дар бораи мавзӯоте, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи силоҳ гуфтугӯ карданд.

Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Афғонистон табодули иттилооту интиқоли таҷрибаи байн ин ду вазоратро гоми муҳиме дар мубориза бо иқдомоти гурӯҳҳои террористӣ унвон карданд.

Дидори вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Афғонистон дар ҳоле анҷом шуд, ки дар рӯзҳои ахир даргирӣ байн гурӯҳи Толибон ва нерӯҳои низомии Афғонистон дар манотиқи ҳамарзи ин кишвар бо Тоҷикистон ташдид шудааст.