Ноябр 10, 2020 21:42 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлоси маҷозии сарони Шанхай ду пешниҳод матраҳ кард
    Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлоси маҷозии сарони Шанхай ду пешниҳод матраҳ кард

Пешниҳоди раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти маҷозии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай бо истиқболи раиси ҷумҳурии Русия рӯ ба рӯ шуд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси маркази мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе ва бозкушоии марзҳои кишварҳои узви ин созмон барои интиқоли колоҳои асосӣ дар шароити густариши Ковид -19 -ро ба унвони ду роҳкор ироа кард.

Владимир Путин аз пешниҳоди ҳамтои тоҷикистонияш дар хусуси бозкушоии марзҳо истиқбол кард.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи сешанбе дар бистумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки ба сурати маҷозӣ ва бо мизбонии Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия баргузор шуд, хостори таъсиси маркази мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Созмони Шанхай дар шаҳри Душанбе шуд.

Вай таъсиси ин марказ дар шароити афзоиши таҳдидҳои амниятӣ дар минтақа ва зарурати ташдиди мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар марзи муштараки наздик ба 1 ҳазору 400 километрии кишвараш бо Афғонистонро муҳим унвон кард.

Раҳмон ҳамчунин хостори бозкушоии марзҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай барои интиқоли маводи ғизоӣ, сӯхт, дору ва таҷҳизоти пизишкӣ дар шароити густариши Ковид -19 шудааст, ки ин пешниҳод бо истиқболи Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия рӯ ба рӯ гардид.

Нишасти соли 2021 –и сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Бештар бихонед: