Ноябр 16, 2020 21:42 Asia/Dushanbe
  • Пардохти молиёт дар Тоҷикистон 646 миллион сомонӣ камтар аз барнома аст
    Пардохти молиёт дар Тоҷикистон 646 миллион сомонӣ камтар аз барнома аст

Фирорҳои молиётии имсол 63 миллион доллар ба буҷети Ҳукумати Тоҷикистон осеб задааст.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, аз ибтидои имсол 7 миллиарду 500 миллион сомонӣ молиёт ба буҷети Ҳукумати Тоҷикистон ворез шудааст, ки 646 миллион сомонӣ камтар аз барномаи пешбинишуда аст.

Бештарин фирорҳои молиётӣ дар ин муддат марбут ба корхонаҳову ширкатҳои давлатӣ будааст.

Гуфта мешавад, густариши вируси корона дар Тоҷикистон, коҳиши даромадҳои бахшҳои саноату тавлид, хадамоти гардишгарӣ ва ҳутелдорӣ, фурӯдгоҳҳо ва ҳамлунақл аз муҳимтарин авомили таъхири ширкатҳову корхонаҳо дар пардохти молиёт аст.

Дар миёни ин ширкатҳову муассисот номи нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда -1 бо 115 миллион сомонӣ қарз, нерӯгоҳи обии Роғун бо 44 миллион сомонӣ, ширкати алюминийи тоҷик – ТАЛКО бо 22 миллион сомонӣ, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо наздик ба 19 миллион сомонӣ ва Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо 67 миллиону 800 ҳазор сомонӣ қарз ба унвони қарздорони бузурги молиётӣ мушоҳида мешаванд.

Ин дар ҳоле аст, ки 95 дарсад аз саҳҳоми нерӯгоҳи барқи обии Роғун, 100 дарсади саҳҳоми ширкати алюминиюм, 95 дарсади саҳҳоми Хадамоти алоқа, 100 дарсади саҳҳоми фурӯдгоҳҳо ва ширкати ҳавопаймоии Тоҷик –Эйр давлатӣ аст.

Агарчӣ Баҳриддин Каримов, иқтисоддони тоҷик муътақид аст, ки дар бештари ширкатҳои давлатии зиёндеҳ ба ислоҳоти сохторӣ ниёз аст, аммо масъулони ин ширкатҳо, ки худ симатҳое дар давлат доранд, ба шиддат бо ислоҳоти решаӣ мухолифанд ва танҳо гоҳе ба манзури ҷазби кумакҳои ниҳодҳои байналмилалӣ даст ба ислоҳоти зоҳирӣ мезананд.

 

Бештар бихонед: