Декабр 15, 2020 21:07 Asia/Dushanbe
  • То соли 2016 ҳукуматҳои Тоҷикистон ба Қонуни асосии ин кишвар савганд ёд мекарданд
    То соли 2016 ҳукуматҳои Тоҷикистон ба Қонуни асосии ин кишвар савганд ёд мекарданд

Аъзои Ҳукумати нави Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар савганди вафодорӣ ёд карданд.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои ҳукумати нав рӯзи сешанбеи 15 декабр дар Кохи Миллат ба Эмомалӣ Раҳмон савганди вафодорӣ ёд карданд.

Бар асоси моддаи 73 Қонуни асосӣ ва моддаи 8 қонуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои ҳукумат пас аз таъйин шудан ба ин мақом ва таъйиди ҳукми интисобашон дар нишасти муштараки маҷлисҳои миллӣ ва намояндагон бояд ба раиси ҷумҳурии ин кишвар савганди вафодорӣ ёд кунанд.

Бо тавваҷуҳ ба ислоҳияи воридшуда ба Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 2016, ки ба Эмомалӣ Раҳмон унвони «Пешвои миллат» - ро эҳдо кард, аъзои ҳукумат бояд ба ӯ савганди вафодорӣ ёд кунанд.

Аъзои ҳукумати нави Тоҷикистон бо савганд ба раиси ҷумҳур ӯҳдадор шудаанд, ки манфиатҳои давлату миллатро дар авлавият қарор диҳанд ва аз тамоми тавони хеш барои рушду пешрафти кишвар истифода кунанд.

Ҳамчунин бар мабнои Қонуни асосии Тоҷикистон, раиси ҷумҳурии ин кишвар ба таври ҳамзамон раиси ҳукумат низ маҳсуб мешавад.

 

Бештар бихонед: