Раҳмон бар зарурати тавваҷуҳ ба масоили амниятӣ ва таҳдидҳо таъкид кард
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i60004-Раҳмон_бар_зарурати_тавваҷуҳ_ба_масоили_амниятӣ_ва_таҳдидҳо_таъкид_кард
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд ё Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бар зарурати тавваҷуҳ ба масоили амниятии минтақа ва таҳдиди гурӯҳҳои террористӣ таъкид кард.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Декабр 18, 2020 22:28 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон хостори таваҷҷуҳи сарони ИДМ барои муқобила бо ҳамлаҳои кибернетикӣ шуд
    Эмомалӣ Раҳмон хостори таваҷҷуҳи сарони ИДМ барои муқобила бо ҳамлаҳои кибернетикӣ шуд

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд ё Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бар зарурати тавваҷуҳ ба масоили амниятии минтақа ва таҳдиди гурӯҳҳои террористӣ таъкид кард.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ, ки аз тариқи иртиботи тасвирӣ баргузор гардид, аз афзоиши таҳаррукоти гурӯҳҳои террористиву ифротӣ ва бондҳои созмонёфтаи ҷиноии фаромиллӣ ибрози нигаронӣ кард.

Аз дидгоҳи вай, таҳдидҳои амниятӣ дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ ва марзҳои ин иттиҳод коҳиш наёфтааст. Вай ҳамкории кишварҳои узви ин иттиҳод дар шароити густариши вируси коронаро нокофӣ унвон кард.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин хостори таҳияи феҳристи воҳиди гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шуд.

 Вай хостори тавваҷуҳи сарони кишварҳои узви ин иттиҳод ба мавзӯи таҳияи барномаи муштарак барои муқобила бо ҳамалоти сайберӣ ё кибернетикӣ шуд.

Дар ин нишаст сарони кишварҳои ҷумҳурии Озарбойҷон, Ӯзбакистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Русия, Беларус, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон, ки ба мизбонии Ӯзбакистон баргузор гардид, ширкат ва суханронӣ карданд.

 

Бештар бихонед: