Январ 20, 2021 14:14 Asia/Dushanbe
  • Қарор аст як Шӯрои назорат бар кори 31 ширкати давлатӣ дар Тоҷикистон назорат кунад
    Қарор аст як Шӯрои назорат бар кори 31 ширкати давлатӣ дар Тоҷикистон назорат кунад

Ҳукумати Тоҷикистони феҳристи ширкатҳои давлатиро, ки таҳти мудирияти Шӯрои назоратӣ фаъолият хоҳанд кард , тадвин карда аст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек , ин феҳрист шомили 31 ширкати давлатӣ мешавад, ки ширкатҳои Роҳи оҳан , Тиллои тоҷик , хадамоти шаҳрӣ , хадамоти ҳавоӣ , суғуртаи иҷтимоӣ , интишороти давлатии “Душанбе” , меҳмонхонаи “Душанбе” , поҷтаи Тоҷикистон ва у ширкати Обу корези шаҳри Душанбе аз он ҷумлаанд.

Ҳадаф аз ин иқдом беҳбуди фаъолияти мудириятӣ дар ширкатҳои давлатӣ унвон мешавад, ки қаблан сирфан бо як масъул идора мешуданд.

 Мудир ва аъзоии шӯрои назоратӣ дар ин ширкатҳоро ҳукумат таъин мекунад .

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон наздик ба 800 корхонаву ширкат бо сармоягузории давлатӣ мудирият мешаванд, ки корхонаи Алюминий , нерӯгоҳи барқи обии Роғун , Барқи тоҷик , Трансгаз , Тоҷиктелеком , фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанбе , Тоҷикэйр ва корхонаи сементи Душанбе аз ҷумлаи ин марокиз ҳастанд ва бо 100 дарсад аз манобеи молии давлатӣ фаъолият мекунанд. Аммо нуктаи ҷолиб ин аст, ки аксари ин корхонаҳо ва ширкатҳои давлатӣ аз ҷумлаи бузургтарин қарздорон мебошанд; ба тавре ки мизони қарзи ин марокиз дар моҳи октябри соли 2020 ба 87 миллиард сомонӣ ( муодили 8 миллиарду 200 миллион доллар ) расид.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп