Пешбинии 3 миллион сомонӣ барои хариди инсулин дар буҷети соли ояндаи Тоҷикистон
(last modified Tue, 18 Oct 2016 05:24:57 GMT )
Октябр 18, 2016 10:24 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии 3 миллион сомонӣ барои хариди инсулин дар буҷети соли ояндаи Тоҷикистон

Вазорати молияи Тоҷикистон қасд дорад, ки дар буҷети соли 2017-ум 3 миллион сомониро барои хариди инсулин ихтисос диҳад.

Ба гузориши сайти "Азия плюс", қаблан Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба манзури таъмини ройгони ниёзмандон бо инсулин барои соли оянда 5 миллиону 600 ҳазор сомониро дархост карда буд, ки Вазорати молияи ин кишвар танҳо бо ихтисоси 3 миллион сомонӣ ба ин барнома мувофиқат кардааст.

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин кишвар 35 ҳазор нафар аз бемории қанд (диабет) ранҷ мебаранд, ки 4 ҳазор тан аз ин афрод бояд бо инсулини ройгон таъмин шаванд ва барои ин барнома мебоист дар буҷети соли ояндаи давлати ин кишвар 5 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шавад. Аммо Вазорати молияи Тоҷикистон танҳо бо ихтисоси 3 миллион сомонӣ ба ин манзур мувофиқат кардааст. Аз ин рӯ, ин маблағ танҳо барои хариди инсулини 2 ҳазор бемори диабетӣ иктифо мекунад ва сарнавишти 2 ҳазор нафари бақия маълум нест.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳангоми тадвини буҷети давлати Тоҷикистон дар соли ҷорӣ, мавзӯи хариди инсулин фаромӯш шуда буд. Ин мавзӯъ муҷиби эътирози шадиди Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони ин кишвар шуда буд.

Бо ин ҳол Абдусаломи Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон қавл дода буд, ин бандро ислоҳ ва манбаи молиро барои хариди инсулин фароҳам кунад, ки ин ваъда амалӣ нашуд.