Дархости СММ аз Тоҷикистон барои бозгардондани шаҳрвандонаш аз Сурия
Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки шаҳрвандони худро аз урдӯгоҳҳои Сурия бозгардонад.
Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, ин созмон бо ирсоли паём ба кишварҳое, ки шаҳрвандони онон дар Сурия ҳузур доранд, аз ҷумла Тоҷикистон дархост кардааст, ки ин афродро ба кишварҳояшон бозгардонанд.
Созмони милал эълом кардааст, авзоъи атбои хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикҳо дар ду урдӯгоҳи Ал Ҳаска ва Ал Ҳавл таҳти кантроли гурӯҳҳои курди сурӣ ногувораст ва ҳарчӣ зудтар бояд барномаи баргардондани онон иҷро шавад.
Қаблан Зубайдуллоҳ Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Ироқ дар сафар ба Димишқ бо вазирони умури хориҷа ва дохила, раиси ниҳоди амнияти миллӣ ва муовини раисиҷумҳури Сурия дидор ва зарурати баргардондани атбои Тоҷикистонро матраҳ карда буд.
Гуфта мешавад, ки дар ду урдӯгоҳи Ал Ҳасака ва Ал Ҳавли таҳти кантрол гурӯҳҳои курди сурӣ 500 нафар аз занону кӯдакони тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд, ки падарон ва модаронашон пас аз пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ дар даргириҳои Сурия ва Ироқ кушта шудаанд ва ҳукӯмати Тоҷикистон талош мекунад онҳоро ба кишварашон бозгардонад.
Мақомоти додгоҳии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳазору 900 шаҳрванди ин кишвар ба гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ пайвастанд ва ба Сурия ва Ироқ рафтанд, ки ҳудӯди 500 нафароз онон дар даргирӣ бо артишҳои ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон эълом карда буданд, ки дар солҳои ахир300 шаҳрванди фиребхурдаи тоҷик аз манотиқи даргирӣ дар Сурия ва Ироқ ба кишварашон бозгардонда шудаанд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Баррасии бозгардондани шаҳрвандони тоҷик аз Сурия дар дидори Зубайдзода ва Файсал Ал Миқдод
- Тавзеҳоти сафири Тоҷикистон дар Маскав дар бораи бозгардондани шаҳрвандони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон