Май 10, 2021 11:49 Asia/Dushanbe
  • Нашрияи Тоҷикистон аз заъфи иттилоърасонии расонаҳои тоҷик дар моҷарои даргирии марзӣ интиқод кард
    Нашрияи Тоҷикистон аз заъфи иттилоърасонии расонаҳои тоҷик дар моҷарои даргирии марзӣ интиқод кард

Нашрияи Тоҷикистон аз заъфи иттилоърасонии расонаҳои тоҷик дар моҷарои даргирии марзӣ интиқод кард

Ба нақл аз Pressa.tj, ин нашрия навиштааст, расонаҳои давлатии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби маблағи буҷети Тоҷикистон фаъолият доранд, воқеаҳои марзро инъикос накарданд. Барои мисол, АМИТ “Ховар” ё “Телевизиони Ҷаҳоннамо” имкон доштанд, ки бо чанд забон гузориш пахш карда, воқеиятро ба ҷаҳониён расонанд. 

Нашрияи Тоҷикистон дар идома навишааст: “Бо вуҷуди душвориҳо, расонаҳои мустақил ва байналмиллалӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, кӯшиши инъикоси масоили марзро карданд ва хабарнигоронашонро ба марз фиристоданд. Вале барои дарёфти иттилоъ душвории зиёде пеш меомад.  Мақомдорони маҳаллӣ ҳозир намешуданд, ки ба оддитарин саволҳо посух гӯянд ва аз ҳамкорӣ сарпечӣ мекарданд”.

Ба навиштаи нашрияи Тоҷикистон, ҷониби Қирғизистон дар баробари онки ҷангро оғоз карданд, дар ВАО воқеиёти марзро чунон инъикос намуданд, ки гӯё Тоҷикистон омили ин ҷанг бошад ва тоҷиконро чун вайронгару фитнаандоз ба намоиш гузоштанд, зеро низомиёни қирғиз бо ВАО ҳамкории хуб ба роҳ монданд. Онҳо аз оғози низоъ штаб ташкил карда, ҳама маълумотро бо забонҳои қирғизӣ, русӣ ва англисӣ ба журналистон мефиристоданд.

Ин нашрия бо баршумурдани мавридҳои ёдшуда эълом кардааст, ки Тоҷикистон бозандаи ҷанги иттилоотӣ дар буҳрони ахири марзӣ бо Қирғизистон буд.

Бештар бихонед: