Июн 08, 2021 15:06 Asia/Dushanbe
  • Се ҳазор нафар дар Дашти Қозӣ бо оби ошомидании тоза таъмин шуданд

Деҳаи Дашти Қозии ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент, ки дорои 3 ҳазор ҷамъият аст, бо оби нӯшокӣ таъмин шуд.

Ба гузориши Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар деҳаи Дашти Қозии ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент хати оби нӯшокии замонавӣ, ки бо васли лӯлаҳо, ба кӯчаву гузарҳои деҳа тақсим шудааст, мавриди истифода қарор гирифт, ки 3 ҳазор нафарро бо оби нӯшокӣ таъмин сохт.

Маросими ифтитоҳи хатти оби нӯшокӣ бо ҳузури раиси вилояти Суғд - Раҷаббой Аҳмадзода ва масъулони шаҳру сокинони деҳа баргузор шуд.

Ҳузури раиси вилояти Суғд дар маросими ифтитоҳи хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Дашти Қозӣ

 

Маврид ба зикр аст, ки ин хати оби нӯшокӣ дар чорчӯби иҷрои лоиҳаи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, аз ҳисоби Фонди байналмилалии Наҷоти Арал, бо маблағи 280 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, 3000 аҳолии деҳа ё худ 500 хонавода (хоҷагӣ) -ро бо оби нӯшокӣ таъмин месозад.

Қаблан низ як хати оби нушокӣ дар ин маҳал мавҷуд буд, аммо бо бузург шудани деҳа ва афзоиши аҳолӣ, мушкили дастрасии ҳамаи аҳолӣ бо оби ошомиданӣ пеш омада буд.  

Ба қавли сокинони ин деҳа, ҳамакнун бо вуҷуди ҳал шудани мушкили оби нӯшокӣ, мавзӯи таъмин бо оби ғайринӯшиданӣ ва кишоварзӣ низ вуҷуд дорад ва ба далели харобии насоси обкашӣ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ва аз байн рафтани таъсисоти обрасонӣ дар маҳалли Дашти Боло, даҳҳо гектар замин ба сабаби беобӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст.

Сокинон мегӯянд, бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти кишти заминҳои обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи вижаи сарвари давлат ба ин мавзӯъ, умед аст, ки масъулони шаҳру вилоят дар ояндаи наздик обёрии заминҳои беоб ва аз гардиши кишоварзӣ берунмондаро низ зери назорат ва иҷро бигиранд.   

 

Бештар бихонед: