Октябр 31, 2016 11:42 Asia/Dushanbe
  • Оғози сохти нерӯгоҳи Роғун нишонаи беҳбуди равобити Тоҷикистон ва Узбакистон

Нахуствазири пешини Қазоқистон муътақид аст, бастани маҷрои рудхонаи Вахш бо ҳадафи оғози сохти садди 335 метрии нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун дар Тоҷикистон, нишонаи беҳбуди равобити ин кишвар бо Узбакистон аст.

Ба иттилои сайти Садои Олмон, Акежан Кажегелдин гуфт, сиёсати раҳбарии ҷадиди Узбакистон дар бораи беҳбуди равобити ин кишвар бо ҳамсоягон амалан оғоз шуда, ки талош барои тағйири муносибот бо Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳокӣ аз ин тафаккури ҷадид аст .

Вай афзуд: Дар даврони Ислом Каримов давлати Тошканд бо чаҳор кишвари ҳамсояи хеш дар Осиёи Марказӣ равобити муташанниҷ дошт ва байни ӯ ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ихтилофоти шадиде бар сари обу энержӣ, марзҳо ва узвият дар созмонҳои минтақаӣ буруз карда буд, аммо имрӯз таомул бо кишварҳои ҳамсоя дар авлавияти сиёсати давлати ҷадиди Узбакистон қарор гирифта ва иқдомоти мусбате дар заминаи осонсозии рафту омади шаҳрвандон ва густариши муносиботи иқтисодӣ ва тиҷорӣ дар ҳоли шакл гирифтан аст .

Нахуствазири пешини Қазоқистон таъкид кард, сиёсати давлати ҷадиди Тошканд барои беҳбуди равобит бо кишварҳои ҳамсоя дар сурате, ки таҳти таъсири қудратҳои бузург қарор нагирад, дар ояндаи наздик ба нафъи Тошканд ва чаҳор ҷумҳурии дигари Осиёи Марказӣ хоҳад буд .