Ифтитоҳи намоишгоҳи санъатии Чин дар Тоҷикистон
Намоишгоҳи байналмилалии санъатии Чин бо ҳузури беш аз 50 ширкати санъатии устони Синкиёнги Уйғури Чин дар шаҳри Душанбе кушоиш ёфтааст.
Ба гузориши сайти Утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон, дар ин намоишгоҳ анвои худравҳо, мошинолоти кишоварзӣ, таҷҳизоти мухталифи санъатӣ, маводи ғизоӣ, либосу пӯшок, зеваролоти ороишӣ, васоили барқӣ ва фанновариҳои ҷадиди чинӣ барои боздиди мардум ба намоиш гузошта шудааст.
Дар ҳошияи ин намоишгоҳ ҳамоиши муштараки бозаргонони Тоҷикистону Чин ва мизигирди ошноӣ бо зарфиятҳои сармоягузории муштарак ва густариши равобити иқтисодиву тиҷории ин ду кишвар баргузор мешавад.
Шариф Саид, раиси Утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон дар дидор бо Ян Койши, муовини умури бозаргонии устондори Синкиёнги Уйғури Чин роҳҳои густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷории дуҷонибаро баррасӣ кард.
Чин бузургтарин шарики тиҷорӣ ва муҳимтарин сармоягузори хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон аст.