Июл 25, 2021 11:38 Asia/Dushanbe
  • Имкони пазириши ҳудӯди 100 ҳазор паноҳҷӯи афғонистонӣ дар Тоҷикистон

Муовини Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфт, Тоҷикистон тавонои пазириши ҳудуди 100 ҳазор паноҳандаи афғонӣ дорад.

Имомалӣ Иброҳимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон афзуд, дар сурати ниёз созмонҳои байналмилалӣ бояд барои пазириши паноҳадагони афғон ба Тоҷикистон кумак кунанд.

Аъзам Раҳимзода, масъули бахши вилоятии Кумитаи ҳолатҳои фавқулъодаи Тоҷикистон низ гуфт, анборҳои нигаҳдории маводи ғайрихӯрокӣ барои пазириши паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар назар гирифта шудааст.

 

Барчасп