Июл 30, 2021 19:31 Asia/Dushanbe
  • Русия барои ирсоли ройгони ваксинаи “Спутник V” ба кишварҳои дигар ба таъйиди Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ниёз дорад
    Русия барои ирсоли ройгони ваксинаи “Спутник V” ба кишварҳои дигар ба таъйиди Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ниёз дорад

Бо вуҷуди талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои дарёфти ваксинаи коронаи русии “Спутник V”, ин кор ҳанӯз амалӣ нашудааст.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, ҳарчанд, ки дар Тоҷикистон теъдоди довталабони дарёфти ваксинаи русии “Спутник V” зиёд мебошад, аммо ин ваксина ҳанӯз вориди кишвар нашудааст.

Мавзӯи ирсоли ваксинаи русии “Спутник V” ба Тоҷикистон дар тамоси телефонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Владимир Путин, ҳамтои руси вай ва дар дидорҳои нахуствазирону вазирони умури хориҷаи ду кишвар баррасӣ шуда, аммо то ба ҳол ҳеҷ ваксинае аз Русия ба Тоҷикистон ирсол нашудааст.

 

 

Як манбаъ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бидуни ифшои номи хеш эълом кард, ки Русия ҳозир ба ирсоли ройгони ин ваксина ба Тоҷикистон нест.

Аз сӯйи дигар то ба ҳол тамоми 4 миллион доза ваксинаи воридотӣ ба Тоҷикистон бо кумаки ройгони ниҳодҳои молии байналмилалӣ, Чин ва Амрико будааст, аммо Маскав ин шароитро намепазирад. Зеро шарти ин мавзуъ таъйиди ваксинаи русии “Спутник V” дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аст ва дар ин замина миёни Маскав ва ин созмон ихтилофоте мушоҳида мешавад.

Дар Тоҷикистон бар асоси барномаи ҳукумат бояд 5 миллион нафар аз ҷамъияти наздик ба 10 миллионнафарии кишвар ваксинаи корона дарёфт кунанд.

 

Бештар бихонед: