Август 02, 2021 21:12 Asia/Dushanbe
  • Имомиддин Сатторов ва Файзулло Холбобоев аз симати сафирони Тоҷикистон дар Русия ва Молдова барканор шуданд
    Имомиддин Сатторов ва Файзулло Холбобоев аз симати сафирони Тоҷикистон дар Русия ва Молдова барканор шуданд

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон сафирони кишвар дар Русияву Молдоваро барканор ва афроди дигареро ҷойгузини онон кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бар асоси фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи душанбеи 2 август мунташир шуд, Имомиддин Сатторов ва Файзуллоҳ Холбобоев аз симати сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ва Молдова барканор шудаанд.

Сатторов аз соли 2014 дар симати сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия фаъолият мекард ва бо ҳифзи мақом, ҳамзамон масъулияти сафорати ин кишвар дар Арманистонро бар уҳда дошт.

Бар асоси фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон, акнун масъулияти Сафорати Тоҷикистон дар Маскавро Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, муовини нахуствазири ин кишвар бар уҳда хоҳад дошт.

Ҳамчунин Файзуллоҳ Холбобоев аз симати сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Молдова барканор шудааст.

Давлаталӣ Назризода, ки масъулияти сафорати ин кишвар дар Украинаро бар ӯҳда дорад, бо ҳифзи симат ба мақоми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Молдова мансуб шудааст.

 

Бештар бихонед: