Истирдоди 8 муттаҳам аз Русия ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i72006-Истирдоди_8_муттаҳам_аз_Русия_ба_Тоҷикистон
Додситонии кулли Русия аз истирдоди 8 муттаҳами фирорӣ аз ин кишвар ба Тоҷикистон хабар дод.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Август 11, 2021 21:21 Asia/Dushanbe
  • Истирдоди 8 муттаҳам аз Русия ба Тоҷикистон

Додситонии кулли Русия аз истирдоди 8 муттаҳами фирорӣ аз ин кишвар ба Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши сомонаи ТАСС, ин афрод дар солҳои гузашта бо иртикоби ҷурму ҷиноёт аз Тоҷикистон ба Русия фирор кардаанд, ки акнун боздошт ва ба кишварашон мунтақил шудаанд.

Бар асоси иттилоияи Додситонии кулли Русия, яке аз онон дар соли 1996 мелодӣ ва даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон, бо ҳамла ба мошини кормандони интизомӣ 4 нафарро куштааст.

Ду тани дигар низ ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон таҳти пайгарди қазоӣ будаанд.

Ду нафар ҳам ба иттиҳоми кулоҳбардорӣ ва авбошигарӣ боздошт шудаанд, ки дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ доштаанд.

Ду нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварашон ба иттиҳоми дуздии калони молӣ таҳти пайгард будаанд ва ду тани дигар ҳам сарбози фирории тоҷик мебошанд, ки ҳамагӣ ба кишварашон истирдод шудаанд.

 

Бештар бихонед: