Баёнияи давлати Тоҷикистон дар мавриди пазириши паноҳҷӯёни афғон
(last modified Thu, 02 Sep 2021 07:29:21 GMT )
Сентябр 02, 2021 12:29 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи давлати Тоҷикистон дар мавриди пазириши паноҳҷӯёни афғон

Тоҷикистон наметавонад таъдоди зиёдн аз паноҳҷӯёни афғонро пазириш кунад.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвек, аз 15 соли гузашта токунӯн ҳудуди 15000 муҳоҷири афғон дар Тоҷикистон пазируфта шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон эълом карданд, созмонҳои байналмилалӣ ҳеҷ кумаке ба Тоҷикистон барои пазириши паноҳҷӯёни афғон накарданд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар мулоқот бо Мулугета Зевди, раиси дафтари Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) бо баёни ин матолиб гуфт, пас аз тасаллути Толибон бар Кобул, ҳудӯди 5000 афғон низ ба Тоҷикистон паноҳ овараданд.

Раҳимзода афзуд, паноҳҷӯён пас аз сукунати як ҳафтаӣ дар Тоҷикистон ба кишвари худ бозгардонда шуданд.

Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон таъкид кард, Тоҷикистон барои пазиришу фароҳам овардани шароити мусоид барои паноҳандагон, 70 ҳектор замин дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритӯс, Фархор, Шамсиддин Шоҳин ва минтақаи Бадахшон ихтисос додааст.

Рамазон Раҳимзода пешниҳод кард, Комиссари олии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид барои бозсозии маркази пазиришу сабти муваққати паноҳандагон ва паноҳҷӯён дар ноҳияи Ҷайҳун ва эҷоди шароити матлӯб барои пазириши муҷаддади паноҳандагон ба Тоҷикистон кумак кунад.